Мақоми эронӣ: Амрико муҷаввизи фурӯши 15 ҳавопаймои Боингро ба Эрон содир кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i10045-Мақоми_эронӣ_Амрико_муҷаввизи_фурӯши_15_ҳавопаймои_Боингро_ба_Эрон_содир_кард
Қоим мақоми вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон дар умури байналмилал гуфт: Амрико барои марҳалаи нахуст муҷаввизи фурӯши 15 фарванд ҳавопайморо ба ширкати "Эронэйр" содир кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 19, 2016 14:37 Asia/Dushanbe
  • Мақоми эронӣ: Амрико муҷаввизи фурӯши 15 ҳавопаймои Боингро ба Эрон содир кард

Қоим мақоми вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон дар умури байналмилал гуфт: Амрико барои марҳалаи нахуст муҷаввизи фурӯши 15 фарванд ҳавопайморо ба ширкати "Эронэйр" содир кардааст.

Ба иттилои Ирно, Асғар фахрияи Кошон дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии роҳсозӣ, роҳдорӣ, ҳамлу нақл ва саноеи вобаста дар Теҳрон, дар бораи қарордоди хариди 80 фарванд ҳавопаймо аз ширкати Боинг гуфт: Идораи хазонадории Амрико пас аз таҳвили 15 фарванд, муҷаввизи лозимро барои таҳвили 65 ҳавопаймои дигари Боинг тамдид мекунад.

Фахрияи Кошон афзуд: Боинг таъмини молии хариди шаш фарванд аз ин ҳавопаймоҳоро мутақаббил шудааст ва бақияи он аз тариқи сармоягузорӣ ва иҷора ба шарти тамлик таъмин мешавад.  

Қоим мақоми вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон дар бораи қарордоди “Эронэйр” бо “Эйрбас” низ гуфт: Дар ин қарордод, фурӯши сад фарванд ҳавопаймо ба ширкати “Эронэйр” дар назар аст, ки ин ҳавопаймоҳо дар се марҳала ба “Эронэйр” таҳвил дода мешавад.  

Фахрияи Кошон дар бораи интиқоли дониши фаннӣ аз “Эйрбас” ба Эрон низ гуфт: Тибқи қарордоди Созмони ҳавопаймоии Эрон бо “Эйрбас”, ширкатҳои эронӣ пас аз шиносоии тавонмандиҳояшон дар занҷираи таъмин қатаоти “Эйрбас” дар ҷаҳон қарор мегиранд.  

Бо иҷроӣ шудани барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ва лағви таҳримҳо, ширкати ҳавопаймоии ҷумҳурии исломии Эрон муваффақ шуд, бо ширкати ҳавопаймосозии “Эйрбас” барои хариди 118 фарванд ҳавопаймо ва бо Боинг барои хариди ҳудуди 100 ҳавопаймо ба тавофуқ бирасад.