Апрел 04, 2023 18:00 Asia/Dushanbe
  • Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад
    Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад

Мудири иттилоърасонии пизишкӣ ва манобеи илмии Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад, маркази устони Хуросони Разавӣ, дар шимоли шарқи Эрон гуфт, ин донишгоҳ дар рутбабандии ҷаҳонии мавзӯӣ (QS) муваффақ ба касби рутбаи бартар дар ҳавзаи улуми зистӣ ва пизишкӣ (Life Sciences & Medicine) шуд.

Абдурасули Рангрезӣ, мудири иттилоърасонии пизишкӣ ва манобеи илмии Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад афзуд: Дар қолаби рутбабандии ҷаҳонии мавзӯӣ (QS) Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад рутбаи аввали кишварӣ дар ҳитаи дорӯсозӣ ва формаколожӣ ва рутбаи сеюми кишварӣ дар риштаи улуми зистиву пизишкиро касб кардааст.

Рангрезӣ гуфт, дар рутбабандии ҷаҳонии QS, ки аз ҷумлаи низомҳои рутбабандии илмии муътабари ҷаҳонӣ аст, донишгоҳҳо дар панҷ ҳавзаи мавзӯӣ, шомили улуми зистиву пизишкӣ, ҳунару улуми инсонӣ, муҳандисӣ ва фанноварӣ, улуми табиӣ ва улуми иҷтимоӣ ва мудирият, мавриди арзёбиву рутбабандӣ қарор мегиранд.

Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад бо доро будани беш аз 9 ҳазор донишҷӯ ва ҳудуди 25 корманди беҳдоштиву дармонӣ ва ҳамчунин фаъолияти беш аз 50 маркази таҳқиқотӣ, ба унвони қутби пизишкии шимолишарқи кишвар ба шумор меравад.

 

Барчасп