Апрел 05, 2023 12:13 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Юриш ба Масҷидулақсо баёнгари моҳияти зиддибашарии режими саҳюнистӣ аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ҳамлаи ваҳшиёнаи низомиёни режими ғосиби саҳюнистӣ ба мӯътакифону ибодаткунандагони фаластинӣ дар Масҷидулақсо, якбори дигар моҳияти ҷиноятпешагӣ ва зиддиҳуқуқи башарии ин режимро дар муқобили чашми ҷаҳонён ба тасвир кашид.

Носири Канъонӣ бомдоди чаҳоршанбе дар ҳисоби Твиттерии худ навишт: Ҷинояти режими саҳюнистӣ дар Масҷидулақсо қавиян маҳкум аст.

Вай афзуд, шоиста аст, ки ҷаҳони Ислом, озодагони ҷаҳону маҷомеъи масъули байналмилалӣ дар баробари ин ҷиноят вокуниши фаврӣ дошта бошанд.

Масҷидулақсо тақрибан ҳамарӯза шоҳиди юриши густардаи шаҳракнишинони саҳюнист аст, ки ба сӯрати ҷамъӣ ва бо ҳимояти низомиёни режими саҳюнистӣ ба ин масҷид ворид мешаванд.

Саҳюнистҳо бо ташдиди таҷовузоту тааррузоти худ ба Масҷидулақсо ба дунболи фароҳам кардани замина барои тақсими замонӣ ва маконии ин масҷид ҳастанд.

 

Барчасп