Апрел 09, 2023 09:23 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи вазирони умури хориҷаи Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Гуфтугӯи вазирони умури хориҷаи Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Вазирони умури хориҷаи Эрону Ҷумҳурии Озарбойҷон дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи таҳаввулоти мавҷӯд дар муносиботи ду ҷонибаи Боку ва Теҳрон ва бархе мавзуоти минтақаӣ табодул назар карданд.

Ба гузориши идораи кулли иттилорасонӣ ва умури сухангӯии вазорати умури хориҷа, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён ва Ҷайҳун Байрамов, вазирони умури хориҷаи Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон тайи ду давр гуфтугӯи телефонӣ (шаби гузашта ва асри рӯзи шанбе) гуфтугӯи мабсуте дар бораи таҳаввулоти мавҷӯд дар муносиботи дуҷониба ва бархе мавзуоти минтақаӣ доштанд.

Дар ин гуфтугӯҳои сареҳ ва шаффоф, мушкилот ва сӯитафоҳумоти мавҷӯд ва роҳи ҳалҳои бурунрафт аз вазъияти ҷорӣ мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифту тайи он тарафайн бар эҳтироми мутақобил ба ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳокимияту тамомияти арзии якдигар таъкид карданд.

Амирабдуллоҳиён бо ишора ба тавтеаи режими саҳюнистӣ зидди инсиҷом, амнияту пешрафти кишварҳои минтақа, гуфт: Аз вуҷӯди ихтилоф миёни кишварҳои минтақа, сирфан душманон сӯд мебаранд.

Барчасп