Вижаи барномаҳои ҳарами муттаҳари Разавӣ дар шабҳои Қадр
Вижа барномаҳои ҳарами муттаҳари Разавӣ, дар шабҳои Қадр эълом шуд.
Дар огстонаи фарорасидани шабҳои Қадри моҳи мубораки Рамазон, вижа барномаҳои ҳарами муттапари Разавӣ барои барпоии маросими Эҳё ва мизбонии зоирони ҳазрати Ризо (а) эълом шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон, ин маҳофил дар рӯзҳои якшанбе, сешанбе ва панҷшанбеи ин ҳафта мусодиф бо шабҳои нуздаҳум, бистуякум ва бистусаввуми моҳи мубораки Рамазон баргузор мешавад.
Қироъати Қуръон, замзамаи фарозҳои Ҷушани Кабир, мадҳ сароӣ суханронӣ ва барпоии маросими Қуръон ба сар, аз ҷумлаи муҳимтарин бахшҳои маросими шабҳои Қадр хоҳад буд.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳасани Шариъатинажод, муовини таблиғоти исломии ҳарами муттаҳари Разавӣ, дар ин бора гуфт: Муовинати таблиғоти исломии ҳарами муттаҳари Разавӣ барномаҳои мутаъаддиди фарҳангӣ, мазҳабӣ ва маърифатии вижаеро барои ин шабҳои пур фаззилат бо меҳварияти саҳни Паёмбарни аъзам (с) тадорук дидаанд.
Маросими Эҳёи шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон. бо қироъати Каломуллоҳи Маҷид ва қироъати дуъои Ҷушани Кабир дар ҳарамии муттаҳари Разавӣ оғоз мешавад.