Апрел 10, 2023 12:51 Asia/Dushanbe

Нахустин маросими шаби эҳёи Қадри моҳи муборкаи Рамазон дар ҳарами муттаҳари Имом Ризо (а) бо ҳузӯри густардаи зоирони эронӣ ва хориҷӣ ва муҷовирони ҳарами Разавӣ баргузор шуд.

Ба гузориши хабргузории Эрон Пресс, мардуми аъзодори Машҳад бо зоирони ҳарами муттаҳари ҳазрати Ризо (а), имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон, якшанбе шаб дар маросими шаби Қадри нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон, бо Қуръон сар гирифтан ва хондани дуъои Ҷушани Кабир, бо Худои худ розу ниёз карданд.

Саҳн ва равоқҳои ҳарами муттаҳари Разавӣ дар шаби Қадр саршор аз азъзодорони Имом Алӣ(а) буд ва дӯстдорон ва пайравони алубайту исмату таҳорат (а) аз кишварҳои арабӣ. африқоӣ ва Афғонистон дар ин маросим ҳузӯр доштанд.

Шабҳои нуздаҳум, бистуякум ва бистусаввуми моҳи мубораи Рамазо, шабҳои Қадр аст ва мусалмонон бо шаб зиндадорӣ, Қуръон ба сар гирфтан, ниёиш ва хондани дуъои Ҷушани Кабир, бо Худои худ розу ниёз мекунанд.

Шаби Қадр шабе ат, ки дар ҳамаи сол, шабе ба фазилати он намерасад ва амал дар он беҳтар аз амал дар ҳазор моҳ аст ва дар он тақдири соли инсон рақам мехурад.

Саҳаргоҳи нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазони соли чиҳилуми ҳиҷрии  қамарӣ, ибни Мулҷам аз гурӯҳи хавориҷ, дар ҳоле, ки ҳазрати Имом Алӣ (а) дар ҳоли иқома намози субҳ буданд, шамшери заҳрогини худро бар фарқи мубораки Ишон фурӯд овард.

Ҳазрати Алӣ (а) пас аз зарб хурдан, дар хона бастарӣ ва дур рӯз баъд яъне бистуякуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд.

Барчасп