Адмирал Саёрӣ: Артиши Эрон омодагии муқобила бо ҳаргуна таҳдидро дорад
Раиси ситод ва муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаги дорад ҳаргуна таҳдидро хунсо кунад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо адмирал Ҳабибуллоҳ Саёри, раиси ситод ва муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи сешанбе дар гуфтугу бо радиои Теҳрон бо баёни ин ки артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз талиъаҳои низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон аст гуфт: Тавони низомии артиши Эрон дар ҳамаи арсаҳо дар ҳоли афзоиш аст.
Адмирал Саёрӣ таъкид кард: Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаги дорад дар муқобили ҳаргуна таҳдид боистад ва ҳаргуна таҳдидро хунсо кунад ва иҷоза надиҳад, ки ҳеҷ касе таъаруз нисбат ба Эрони исломӣ дошта бошад.
Раиси ситод ва муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба маъмуриятҳои артиши Эрон хотирнишон кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон илова бар нақшофарини дар бахши низомӣ дар арсаҳои иҷтимоъӣ ва кумак ба имдодрасони дар ҳаводиси ғайримутарақиба фаъолият мекунад.