Ройзании Эрон ва Тоҷикистон дар хусуси баргузории размоишҳои муштарак
(last modified Tue, 11 Apr 2023 14:35:28 GMT )
Апрел 11, 2023 19:35 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Эрон ва Тоҷикистон дар хусуси баргузории размоишҳои муштарак
    Ройзании Эрон ва Тоҷикистон дар хусуси баргузории размоишҳои муштарак

Муовини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва фармондеҳи донишгоҳи фармондеҳи ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи чигунагии баргузории размоишҳои муракаб гуфтугу карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо генерал Ҳусайни Валиванд, фармондеҳи донишгоҳ ва фармондеҳи ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо генерал Шараф Эгамзод муовини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ ва раиси ҳайати низомии Тоҷикистон дар Теҳрон бо истиқбол аз ҳамкориҳои ду кишвари дуст ва ҳампаймон ибрози умедвори кард равобити Эрон ва Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо ва ба вижа бахши дифоъӣ беш аз пеш густариш ёбад.

Генерал Валиванд бо ироаи тавзеҳоти дар бораи иқдомоти омузиши ва пажуҳишии донишгоҳи фармондеҳи ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Ин донишгоҳ ба унвони қадимитарин донишгоҳи Эрон дар бахши таълими афсарони артиш ва дигар неруҳои мусаллаҳ дар бахшҳои мухталиф дорои таҷруба ва андухаҳои илмии қобили таваҷуҳи аст ва дар бахши омузиш ва пажуҳиш низ аз қобилиятҳои аришманд ва замонваи бархурдор буд, ки бистарсозии иртиқои тавони дифоъи кишвар аст.

Геренал Шараф Эгамзод, раиси ҳайтаи низомии Тоҷикистон низ бо қадрдони аз мизбонии донишгоҳи фармондеҳи ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Омузишҳои низомӣ дар Тоҷикистон қидмати тулони дорад ва омузишҳои анҷомшуда дар Эрон шабоҳати бисёри бо омузишҳои низоми дар он кишвар дорад.

Ҳайати низомии Тоҷикистон аз раванди размоиши ҷанги таркиби, ки дар дофуси артиш дар ҳоли баргузори аст муталеъ шуд ва дар идома аз маконҳои мухталифи ин донишгоҳ аз ҷумла маркази бози ҷанг, донишкадаи фармондеҳи ва ситод, донишкадаи пуштибони ва ситод ва музеи ҷанги дофус боздид кард.

 

Бештар бихонед: