Апрел 14, 2023 18:08 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Оддисозии равобит барои режими саҳюнистӣ амниятсоз нахоҳад буд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Талош барои оддисозии равобити режими саҳюнистӣ бо давлатҳои минтақа, амниятсоз набуда ва нахоҳад буд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи роҳпаймои рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Теҳрон, ин роҳпаймоиро намоди ҳамбастагӣ ва инсиҷоми уммати исломӣ донист ва гуфт : Озодии Қудси шариф бисёр наздик аст .
Раисӣ измиҳлоли режими саҳюнистиро бисёр наздик донист ва таъкид кард : Ин ҷамъият дар саросари ҷаҳони ислом нишон медиҳад измиҳлоли режими саҳюнистӣ ва озодии Қудс бисёр наздик аст ; наздиктар аз ончӣ мешавад тасаввур кард.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба ҳузури пуршӯри мардуми Теҳрон дар роҳпаймоии рӯзи Қудс тасреҳ кард : Ин иҷтимоъ ва иҷтимоъоте ки дар саросари олами Ислом баргузор мешавад, пуштвонае барои мардуми Фаластин, Лубнон ва муборизону муҷоҳидони муқовимат аст, ки бидонанд танҳо нестанд ва дар ин майдон ҳама аз онҳо ҳимоят мекунанд.

 

Барчасп