Апрел 22, 2023 11:26 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хутбаҳои намози иди саиди Фитр : Иродаи тақвиятшудаи миллӣ гиреҳгушо аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хутбаҳои намози иди саиди Фитр таъкид карданд : Иродаи тақвиятшудаи миллӣ гиреҳгушо аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, намози иди саиди Фитр , имрӯз ( шанбе ) ба имомати ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар мусаллои Имом Хумайнӣ ( раҳ ) иқома шуд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ,ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар хутбаи аввали намоз бо табрики иди хуҷастаи Фитр ба уммати исломӣ ва миллати рашиду азизи Эрон бо таҷлил аз ҳаракати азими миллат дар рӯзи Қудс, пас аз шабзиндадории шаби Қадр афзуданд : Он иҷтимоъоти мутарокиму шукӯҳманд ҳақиқатан аз алтофу тавфиқоти илоҳӣ буд.
Ишон моҳи Рамазонро илова бар моҳи тоъату тақво моҳи ҷиҳоду мубориза хонданд ва гуфтанд : Рӯзи Қудс ҳам рӯзи муборизаи миллати Эрон аст, ки биҳамдиллоҳ имсол бо ҳамроҳии дигари миллатҳо дар сатҳи бисёр густардае баргузор шуд .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамкорӣ, ҳамдилӣ ва ҳамафзоии се қувваро як роҳбурди бисёр муҳиму асосӣ барои ҳалли мушкилоту пешрафти кишвар эълом карданд ва бо ишора ба тартиботи хуби Қонӯни асосӣ дар бораи ташкили қувои сегона афзуданд : Агар қувои муқаннана, муҷрия ва қазоия ба таври комил ҳамкорӣ кунанд, корҳо ба ҳеҷ ваҷҳ гиреҳ намехӯрад, ки худи масъӯлону мудирони ин қуво медонанд, ки ин ҳамкорӣ ва ҳамафзоӣ чигуна эҷод мешавад .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ роҳбурди душманро эҷоди ихтилофу тафриқа баён карданд ва гуфтанд : Душман талош мекунад мардум ба хотири ақоиду салоиқи мухталиф бо ҳам биҷанганду даргир шаванд, аммо нигоҳҳои мухталифи мардум ба масоили мухталиф табиатан монеъӣ надорад ва набояд маҳалли ихтилоф ва кашмакаш шавад, балки бояд бо ботил кардани васвасаҳои душман барои бадбин кардани мардум ба якдигар ва мардум ба масъӯлон дар канории ҳам ба зиндагӣ ва меҳрбонӣ пардохт.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба шикасти роҳбурди низомии душман дар минтақа гуфтанд : Душман ба сиёсати тазвир, таҳриф, дурӯғгӯӣ, васваса, таҳқир ва бадбин кардани миллатҳо ба тавоноиҳои худ рӯй оварда, ки бояд дар шинохти роҳбурдҳо, тактикҳо, абзорҳо ва равишҳои ӯ ба рӯз буд ва онҳоро ибтол кард .
Ишон таъкид карданд : Миллати ҳӯшманду тавонои Эрон, ки то имрӯз ҳамаи тавтеъаҳои душманони худро ба шикаст кашонда, баъд аз ин ҳам ба ҳавлу қувваи илоҳӣ онҳоро ноком ва сархурда хоҳад кард.

 

Барчасп