Шаби Ялдо ва одобу русуми он дар Эрон
Шаби Ялдо ё шаби чиллаи охирин рӯзи озармоҳ, шаби аввали замистон ва дарозтарин шаби сол аст.
Эрониёни бостон бо бовари ин ки фардои Шаб Ялдо бо тӯлуъи офтоб, рӯзҳо баландтар шуда ва тобиши нури эзадӣ афзӯнӣ меёбад, охири тирамоҳ ва аввали замистонро шаби зоиши (таваллуд) меҳр ё зоиши офтоб мехонданд ва барои он ҷашнҳои бузурге барпо мекарданд.
Ин ҷашн дар моҳи порсии «дай» қарор дорад, ки номи офаринанда дар замони қабл аз “Зартуштиён” будааст, ки баъдҳо ӯ ба номи офаринандаи нур маъруф шуд.
Шаби Ялдо баландтарин шаби сол дар нимкураи шимолии замин аст: Киноя аз тӯлони будани ин шаби зебо, ки ойини он дар таърихи бостонии эронӣ ва порсӣ реша дорад, дар асл барграфта аз илми нуҷум аст. Дар воқеъ ин шаб дар пайи вуқӯъи падидаи нуҷумӣ ба номи инқилоби замистонӣ ба унвони тӯлонтарин шаби сол номгузорӣ шудааст. Охирин рӯзи моҳи озар ва авосити моҳи декабр замоне аст, ки нимкураи шимолии замин ба фасли замистон ва нимкураи ҷанубии замин ба фасли тобистон хушомад мегӯянд. Эрониён ва бисёре аз дигар ақвом Шаби Ялдоро ҷашн мегиранд.
Дар фарҳанг ва одобу русуми эрониён Шаби Ялдо баҳонае аст, барои диду боздид аз бузургону хешовандон. Яке аз беҳтарин асароте, ки ин шаб дорад наздикии хонаводаҳо баҳам дигар аст.
Дар гузаштае нисбатан дӯр, дар ин рӯз афрод агар бо ҳам кудурате доштанд; Бо ҳам сулҳ мекарданд ва ҷолиб аст, ки ин сулҳ пойдор мемонд ва дар ҳақиқат ин даври ҳам будан ва ба дидори бузургтарҳо рафтан як навъ таҷдиди мисоқ буд.
Решаи калимаи Ялдо мутааллиқ ба забони “сурёнӣ” аст ва ба маънои таваллуд ё милод аст.
Ялдо як ҷашни ориёӣ аст ва пайравони “Метроизм” онро аз ҳазорон соли пеш дар Эрон баргузор мекардаанд.
Дар Эрон ва сарзаминҳои ҳамфарҳанги муҷовир, аз шаби оғози замистон бо ном «Шаби чилла» ё «Шаби ялдо» ном мебаранд.
Фирдавсӣ ба истиноди манобеи худ, Ялдо ва хӯри рӯзро ба Ҳушанг аз шоҳони пешдодии Эрон (Каёниён, ки аз Систони Порс бархоста буданд) нисбат додааст.
Дар гузашта, оийнҳое дар Шаби Ялдо баргузор мешудааст, ки яке аз онҳо ҷашни шабона ва бедорӣ то бомдод ва тамошои тулӯъи офтоби нав мутаваллид шуда, будааст.
Вожаи чилла баргирифта аз чиҳил (муайян, зайли вожа) ва мухаффафи «чиҳилла» ва сирфан нишондиҳандаи гузашти як давраи замонии муайян (ва на илзоман чиҳил рӯза) аст.
Дар Шаби ялдо ҳофизхонӣ расм аст. Мардум девони ашъори Ҳофизро бо нияти беҳрӯзӣ ва шодкомӣ мекушоянд ва фоли дили хешро аз ӯ талаб мекунанд.
Дар саросари Эронзамин, ҷоеро намеёбед, ки хӯрдани тарбӯз дар Шаби Ялдо ҷузъи одобу русуми он набошад.