Апрел 26, 2023 11:07 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Эрон аз ҳаргуна ибтикор барои ҳалли буҳрони Яман истиқбол мекунад

Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидори раиси ҳайати музокиракунандаи Давлати наҷоти миллии Яман гуфт, Теҳрон аз ҳар гуна ибтикор, тарҳу иқдоме, ки ба рафъи муҳосираи Яман ва барқарории оташбаси ҳамаҷониба ва тафоҳум миёни гуруҳҳои сиёсии яманӣ бианҷомад, истиқбол мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар дидори Муҳаммад Абдуссалом, раиси ҳайати музокиракунандаи Давлати наҷоти миллии ин кишвар, ки дар маҳали сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Масқат баргузор шуд, бар аҳаммияти ваҳдати сарзаминии Яман таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор, гушоишҳои эҷод шуда дар заминаи парвандаи инсонӣ ва табодули усаро дар Яманро мусбат арзёбӣ кард.

Муҳаммад Абдуссалом низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои инсонии Ҷумҳурии исломии Эрон аз Яман, охирин вазъияти гуфтугӯ бо Арабистони Саудӣ дар Санъо дар ҳавзаҳои мухталифро ташреҳ кард.

Абдуссалом, таъсири тавофуқи ахир миёни Риёзу Теҳронро бар вазъияти минтақа мусбат арзёбӣ карду афзуд, Давлати наҷоти миллии Яман ба муқовимат ва гуфтугӯ то расидан ба тавофуқе, ки ҳуқуқи ҳамаи мардуми ин кишварро таъмин кунад, идома медиҳад.

 

Барчасп