Апрел 29, 2023 10:44 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши қаиқронони Эрон бо касби 2 тилло дар параконэи Осиё

Қаиқронони эронӣ дар мусобиқоти параконэи Осиё муваффақ ба касби ду медали тилло шуданд .

Бо баргузории рақобатҳои рӯзи дувуми мусобиқоти обҳои ороми қаҳрамонии зери 23 соли ҷавонони пороконэи Осиё, миллипӯшони Эрон муваффақ ба касби 2 медали тилло ва роҳёбӣ ба финал дар 3 мода шуданд .
Сеюмин рӯз аз мусобиқоти обҳои ороми қаҳрамонии зери 23 сол ва ҷавонони параконэи Осиё, рӯзи ҷумъа дар Самарқанди Узбекистон идома пайдо кард .
Миллипӯшони Эрон дар 2 модаи финал ва як мусобиқаи ниманиҳоӣ ва 2 мусобиқаи муқаддамотӣ ба масофи рақибон рафтанд.
Дар мусобиқаи байдаркаи инфиродии 1000 метри зери 23 соли бонувони Элнози Шафиъиён дар рақобат бо ҳарифоне аз Узбекистон, Тайланд, Қазоқистон, Ҳинд, Индонезия зӯдтар аз бақия аз хати поён убур кард ва соҳиби медали тилло шуд .
Дар ин рақобат тимҳои Узбекистону Тайланд дувум ва сеюм шуданд.
Дар мусобиқаи муқаддамотии 200 метри ҷавонони мардон низ тими Эрон дар рақобат бо ҳарифоне аз Тайван, Тайланд, Қирғизистон ва Ҳонг Конг аввал шуд ва мустақиман ба финал роҳ ёфт .
Ин мусобиқот, имрӯз ( шанбе ) бо рақобати миллипӯшони Эрон дар Самарқанди Узбекистон идома пайдо хоҳад кард.
 

 

Барчасп