Раҳбари инқилоби исломӣ : Агар зиндагии коргар иртиқо (беҳбудӣ) пайдо кунад, вазъи кишвар иртиқо меёбад
Ҷомеъаи коргарӣ эътироз дорад, аммо бо душман марзбандӣ кардааст
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар инки бояд фарҳанги сарватҳои бодоварда дар кишвар мутаваққиф шавад, фармуданд : Даромад бояд бо кор иртиботи мустақим дошта бошад .
Дар дуюмин моҳ аз соли « маҳори таваррум, рушди тавлид » ва ба муносибати ҳафтаи кору коргар, ҷамъе аз коргарони имрӯз ( шанбе ) бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.
Муҳимтарин бахшҳои баёноти Раҳбари инқилоб дар идома омадааст:
- бояд фарҳанги сарватҳои бодоварда дар кишвар мутаваққиф шавад .
- даромад бояд бо кори иртибот мустақим дошта бошад .
- агар масъӯлин ҷуръати муқобила бо муфсиди дохилиро надошта бошанд, ҷуръати мубориза бо зӯргӯи хориҷиро нахоҳад дошт
- умед ин аст ки давлати мардумӣ ва маҷлиси инқилобӣ мубориза бо аждаҳои ҳафтсари фасодро дунбол кунанд
- кор ҳаёти ҷомеъа аст, кор сутуни фақароти зиндагии мардум аст, кор набошад ҳеҷ чиз нест . Ғизое ки мехӯрем, либосе ки мепӯшем, имконоте, ки аз он дар зиндагӣ истифода мекунем, ки ҳаёти мо вобаста ба онҳост ҳамаи инҳо ношӣ аз кор аст. Корро чи касе мекунад ? коргар . Хуб пас арзиши коргар чист ? арзиши коргар-арзиши ҳаёти ҷомеъа аст, арзиши зиндагии мардум аст .
- дар калом, ҳама аз коргар таъриф мекунем, вале таърифи забонӣ кофӣ нест ; барои коргарон бояд кор кард . Ҳам масъӯли давлатӣ ва ҳам корофарину сармоягузор бидонанд, ки агар талош шуд то зиндагии иртиқо(беҳбудӣ) пайдо кунад, вазъи кишвар иртиқо пайдо хоҳад кард .
- вақте коргар дағдаға надошта бошад, амнияти шуғлӣ ва рифоҳ дошта бошаду зиндагиаш роҳат бичархад, кайфияти кору маҳсӯл боло хоҳад рафт .
- эътирозҳое дар муҳити коргарӣ вуҷуд дошта, баъзе аз ин эътирозот то ҷое ки банда суроғ дорам эътирозоти баҷо буда : эътирози таъхири ҳуқуқ(маош) эътирози вогузории ғалат . . . Ин кумак ба низому давлат ва огоҳ кардани низом аст . Ҳарҷо ҳам дар ин чунин мавориде дастгоҳҳои масъӯл дунболи қазия рафтанд, диданд ҳақ бо инҳост ; мунтаҳо дар ҳамин қазоё ҷомеъаи коргарӣ бо душман марзбандӣ карданд ; нагузоштанд душман аз ин эътироз сӯистифода кунад . Ҳаракати коргарӣ ин аст .