Сафари Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба Сурия, чаҳоршанбе
Сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Сурия гуфт: Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар садри ҳайати олирутба ба Дамишқ, пойтахти Сурия сафар кард.
Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс. Ҳусайни Акбарӣ сафири Эрон дар Сурия афзӯд: Сайид Иброҳими Раисӣ, Раиси Ҷуҳӯрии Исломии Эрон ба даъвати расмии Башор Асад, Раиси Ҷумҳӯрии Сурия чаҳоршанбе саввуми май, ба Дамишқ сафар хоҳад кард.
Пеш аз ин рӯзномаи "Алватан Сурия" аз сафари Раиси Ҷумҳӯри Исломии Эрон ба Сурия хабар дода буд.
Равобити Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Сурия аз ҷумла равобит дар минтақаи Ғарби Осиё аст, ки роҳбӯрдии маҳсуб мешавад ва тарафайн азму иродаи ҷиддӣ барои густариши равобит дар ҳавзаҳои мухталиф доранд.
Дар ҷараёни бӯҳрони 12 солаи Сурия ва ҷанги ин кишвар бо террористҳо, Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ҳимоятҳои ҳамаҷониба аз назари Сурия дар қиболи террористҳо ба мал овард, мақомоти Сурия аз ҷумла Башор Асад, Раиси Ҷумҳӯри ин кишвар, борҳо аз ҳимоятҳои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон қадрдонӣ карданд.