Эрон ҳамлаҳои таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи маскунии Димишқро маҳкум кард
(last modified Sat, 16 Nov 2024 05:27:50 GMT )
Ноябр 16, 2024 10:27 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамлаҳои таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи маскунии Димишқро маҳкум кард

Исмоил Бақоӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамлаҳои таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи маскунӣ дар Димишқро ба шиддат маҳкум кард.

      Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исмоил Бақоӣ рӯзи ҷумъа ҳамлаҳои таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи маскунӣ дар Димишқ, ки ба шаҳид ва захмӣ шудани даҳҳо тан аз шаҳрвандони сурӣ ва фаластинӣ анҷомид ва ба тахриби зерсохтҳо аз ҷумла ҷодаҳо ва пулҳои иртиботӣ миёни Сурия ва Лубнон мунҷар шудро ба шиддат маҳкум кард.

 Бақоӣ зимни тасалият ба давлат ва миллати Сурия ва Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ва хонаводаи шаҳидон, таъкид кард: Густариши доманаи таҷовузот ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ ба кишварҳои ҳамсоя ва поймолкунии пайваста ва фоҳиши тамомияти сарзаминӣ ва ҳокимияти миллии давлати Ҷумҳурии арабии Сурия, тибқи маншури Милали Муттаҳид таҷовузи ошкор маҳсуб мешавад ва ниёзманди иқдоми фаврии Шӯрои Амнияти СММ барои таваққуфи таҷовуз ва посухгӯ кардани режими мутаҷовизи саҳюнистӣ аст.

 Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ҳушдор нисбат ба паёмадҳои фоҷеъабори идомаи таҷовузи режими саҳюнистӣ ба зерсохтҳои ғайринизомӣ ва куштори ҷамъии мардуми бегуноҳ аз ҷумла занон ва кӯдакон, ин иқдомотро нақзи фоҳиши ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва намунаи ҷинояти ҷангӣ донист, ки ба мӯҷиби конвенсиюнҳои Женева 1949 ҳама давлатҳо барои таваққуфи онҳо ва пайгарди кайфари омирон ва омилони ин ҷиноёт масъулият доранд.

 Бақоӣ ироакунандагони таслиҳот ба режими мутаҷовизи Исроилро ҳамдаст ва шарики ҷиноёти ин режим муаррифӣ ва таъкид кард, ки мардуми минтақа ва Уммати исломӣ Амрикоро ба унвони бузургтарин ҳомии таслиҳотӣ ва сиёсии режими саҳюнистӣ шарик ва ҳамдасти ҷиноёти режими саҳюнистӣ мешиносанд.