Май 02, 2023 11:33 Asia/Dushanbe

Ғурфаҳои саноеъи дастии Эрон дар ҳаштоду ҳафтумин Намоишгоҳи байналмиллалии саноеъи дастии Флоренсияи Италия бо истиқболи густардаи боздидкунандагон рӯ ба рӯ шуд .

Ба гузориши хабарнигори Эронпресс дар Италия, ҳунармандони эронӣ дар ин намоишгоҳ ба муддати ҳафт рӯз ( 25 апрел то якуми моҳи майи 2023 ) ҷилваҳое аз ҳунарҳои суннатии эрониро ба намоиш гузоштанд .
Фарибурзи Азизӣ-мудири ғурфаи Эрон дар Намоишгоҳи саноеъи дастии Флоренсия ба хабарнигори Эронпресс дар Италия гуфт : Имсол ҳунармандони эронӣ дар қолаби як гуруҳи 54 нафара бо кумаки Маркази байналмилалии тиҷорати хориҷӣ дар ин намоишгоҳ ширкат карданд.
Азизӣ афзуд : Ҳунармандони эронӣ дар намоишгоҳи саноеъи дастии Флоренсия ҳузури пурранг доштанду илова бар ироаи саноеъи дастии Эрон коргоҳҳои омӯзишӣ низ барои алоқамандони италияии ба ҳунару мусиқии суннатии Эрон низ баргузор шуд .
Ҳузури ҳунармандони Эрон  дар намоишгоҳ  бозтоби густардае дар шабакаҳои телевизиюнии маҳаллии Италия дошт .
Як боздидкунандаи италияӣ ба хабарнигори Эронпресс гуфт : Ғурфаи Эрон ҳолу ҳавои хосе дошт ; мо бо як фарҳанги ҷадид ошно шудем ; фарҳанге ки мусиқии суннатӣ ва саноеъи дастии он воқеан дилпазир аст .
Намоишгоҳи саноеъи дастии Флоренсия қадимитарин намоишгоҳ дар заминаи саноеъи дастӣ дар Италия маҳсуб мешавад.


 

 

Барчасп