Май 05, 2023 15:33 Asia/Dushanbe
  • Сардор Ҳусайни Саломӣ
    Сардор Ҳусайни Саломӣ

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, имрӯз ҳеҷ қудрате ёрои истодагӣ дар баробари Эрони муқтадир ва дар ҳоли пешрафтро надорад ва доманаи марзҳои қудрати сиёсиву дифоии Эрон то ба дарёи Сурх то шарқи Медитарона ва Қатрон пеш рафтаву оламро дарнавардидааст.

Сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар маросими бузургдошти солрӯзи амалиёти ғурурофарини "Бозии Дароз" ва ифтитоҳияи урдӯҳои “Роҳиёни нур” дар иртифооти Бозии Дарози шаҳристони Сарипули Зиҳоби устони Кирмоншоҳ, дар ғарби Эрон афзуд: Имрӯз Эрони исломӣ муборизаи худро зидди мустакбирон дар ҳазорон километр дуртар аз марзҳо густариш додаасту мутаҷовизонро таъқиб ва таҳқир мекунад.

Сардор Саломӣ гуфт: Ҷавони эронӣ имрӯз улгӯе барои ҷавонони мусулмон асту ҷавонони шаҳиде ки дар иртифооти устувори "Бозии Дароз" ба шаҳодат расиданд улгӯҳову намунаҳои дурахшоне барои ҷавонони муҷоҳиде шуданд, ки имрӯз дар саросари нуқоти олами Ислом дар Ироқ, Сурия, Лубнон, Яман, Афғонистон ва билоди исломӣ мутаҷовизонро таъқибу таҳқиру танбеҳ мекунанд.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд: Имрӯз Амрико дар ҳоли тарки ҷаҳони Ислом дар Ғарби Осиё ва Ховари Миёна аст ва дигар наметавонад дар сарзаминҳои исломӣ озодонаву эмин ҳаракат кунад.

Сардор Саломӣ гуфт, дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳам мухолифат бо режими саҳюнистӣ ба хиёбонҳо кашида шудааст ва рӯзона ҳаддиақал 30 амалиёт дар сарзаминҳои ишғолӣ зидди саҳюнистҳо анҷом мешавад.

 

Барчасп