Май 06, 2023 18:17 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Иштирокоти фарҳангӣ, заминаи муносибе барои иртиқои ҳамкорӣ миёни Эрон ва Узбекистон аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори раиси Маҷлиси қонунгузории Узбекистон, иштирокоти тамаддунӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишварро заминаи муносибе барои иртиқои ҳамкории иқтисодӣ донист.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, Саидиброҳим Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори Нуриддинҷон Исмоилов, раиси Маҷлиси қонунгузории Узбекистон дар Теҳрон гуфт, 18 тавофуқнома ва тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Узбекистон ба имзо расида, ки тасреъ дар иҷроӣ шудани онҳо сатҳи равобитро ба шиддат афзоиш хоҳад дод.

Нуриддинҷон Исмоилов, раиси маҷлиси Узбекистон низ дар ин дидор бо тамҷид аз сиёсати хориҷии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар аввлавиятдиҳӣ ба тавсеаи равобит бо ҳамсоягон, гуфт, дар Узбекистон низ мунтабиқ бо ин сиёсати усӯлӣ, дар ҷараёни ислоҳи қонӯни асосӣ, тавсеаи равобит бо ҳамсоягон дар аввлавият қарор гирифтааст.

 

Барчасп