Май 08, 2023 16:44 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Равобити ҷадид байни Эрону Сурия дар пасотерроризм шакл гирифтааст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, таъкид кард, сафари раисиҷумҳур ба Сурия баъд аз пирӯзии меҳвари муқовимат ҳоизи аҳаммият буд ва рейлгузории ҷадиде равобити ду кишвар дар марҳалаи пасотерроризм сӯрат гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, имрӯз (душанбе) дар нишасти хабарии ҳафтагӣ гуфт, равобити Ҷумҳурии исломии Эрон бо кишварҳои арабӣ ҷаҳишҳои хубе дар ҳавзаи сиёсӣ ва иқтисодӣ доштааст, табодули ҳайатҳои мухталиф бо кишварҳои арабӣ натоиҷеро дарбар дошт, ки аз он ҷумла ба равобит бо кишварҳои Арабистон, Кувайту Иморот метавон ишора кард.

Канъонӣ дар посух ба саволи хабарнигори хабаргузории Эронпресс, дастовардҳои сафари Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон ба Сурия ва натоиҷи бозгашти Сурия ба Иттиҳодияи Араб низ гуфт, тамаркузи умдаи ду кишвари Эрон ва Сурия бар ин аст, ки битавонанд илова бар ҳавзаи сиёсӣ ва мубориза бо терроризм дар ҳавзаи иқтисодӣ низ заминаҳои лозимро фароҳам кунанд то манофеи ду кишвар таъмин шавад.

Вай гуфт, санади муҳимми ҳамкориҳои ҷомеъ ва баландмуддат дар 30 банд ба имзои руасои ҷумҳури Эрон ва Сурия расид, ҳамчунин 15 санади иқтисодӣ ва тиҷорӣ бавижа дар хусӯси фаъолиятҳои иқтисодии бахши хусӯсӣ низ ба имзои мақомоти ду кишвар расид.

Канъонӣ, бо баёни инки ин сафари ҷашни пирӯзии муштараки кишварҳои меҳвари муқовимат буд, афзуд, илова бар дидорҳои расмии раисиҷумҳур дидорҳои ғайрирасмӣ ва мардумӣ низ сӯрат гирифт.

Сухангӯи вазорати умӯри хориҷа дар идома бо ишора ба ҳимояти Эрон, аз меҳвари муқовимат дар минтақа дар хусӯси бозгашти муҷаддади Сурия ба Иттиҳодияи Араб гуфт, ба мӯҷиби ин бозгашт, субот ва истиқрори фаъолияти расмии Сурия фароҳам шудааст.

 

Барчасп