Май 08, 2023 18:25 Asia/Dushanbe
  • Бунёнгузори муассисаҳои байналмилалии расоҳона ва руйдодҳои гардишгарии варзиши гуфт: Бустон ва Гулистони Саъдӣ ҳамдами кудакони тоҷик аст
    Бунёнгузори муассисаҳои байналмилалии расоҳона ва руйдодҳои гардишгарии варзиши гуфт: Бустон ва Гулистони Саъдӣ ҳамдами кудакони тоҷик аст

Бунёнгузори муассисаҳои байналмилалии "Sport Tourism Event's" ҳузури Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳронро кумак ба асолат ва ҳифзи фарҳанг, адаб, сидқ ва сафои орёӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Фотимасодоти Сайдимуъмини зимни ишора ба ин ки қатъан китоб ва нашру пахши он аз муҳимтарин омилҳои густариши дипломосии фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ байни ҷомеъаҳои мухталиф аст баён кард: Фарҳанги орёӣ ва наздикии Тоҷикистон бо Эрон метавонад ба ғанои фарҳангии беш аз пеш ба хусус дар байни ақвоми форсизабон кумак карда ва таъсири бисёри дошта бошад.

Вай бо баёни ин ки хушбахтона дар байни мардумони фарҳанг ва ҳунардусти Тоҷикистон китоб ва шеъри форси забон бисёр мавриди эҳтиром ва ситоиш аст афзуд: Бештари кудакони ин сарзамин девони Саъдӣ ва Фирдавсиро ҳифз ҳастанд.

Вай афзуд: Кудакони тоҷикистонӣ ҳам ба зебои посдошти шеър ва адаб ва фарҳанги порсиро арҷ мениҳанд меъалимон ва кормандон ва устодони донишгоҳ ва ҳатто падарбузург ва модарбузургҳои тоҷикӣ низ бо шеър алоқаманд ҳастанд дар он диёри меҳрпарвар фарҳанги миллӣ ойини дар воқеъ бар чашмонашон ҷой дорад.

Муъмини ҳузури Тоҷикистон ба унвони меҳмон дар сивучаҳорумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳронро барои кумак ба асолат ва ҳифзи фарҳанг, адаб, сидқ ва сафои орёӣ бисёр муассир донисту гуфт: Тоҷикҳо ба хуби фарҳанг, меҳр, ойни шеъру адаби форсиро қадр мениҳанд ва ба ин сабаб аст, ки ҳазорон ҳазор кудак Ҳофизи Саъдӣ ва Фирдавӣ дар ин кишвар мебинед.

Барчасп