Май 09, 2023 10:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳаддоди Одил : Ҳама метавонанд Шоҳномаи Фирдавсиро аз они худ бидонанд/ ҷилди сеюми Фарҳанги ҷомеъи забони форсӣ мунташир мешавад

Ғуломалии Ҳаддоди Одил гуфт : Шоҳномаи Фирдавсӣ мутаъаллиқ ба Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва қаламрави васеъи фарҳанги эронӣ аст, ки ҳамаи кишварҳо аз ҷумлаи Эрон ба он фарҳанг таъаллуқ доранд ва ҳама метавонанд Шоҳномаро аз они худ бидонанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, раиси Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон бо ишора ба аҳамияти забону адаби форсӣ ба унвони рукни муҳимме аз ҳувияти мардуми Эрон дар ҷамъи аҳолии расона гуфт : Ҳамон тавр, ки ҳар фарде шиноснома дорад ва ному нишону шумораи миллӣ ва чунин иттилооте дар он дарҷ шудааст, миллати Эрони ҳам як шиноснома дорад, ки аз бахшҳои муҳими он забону адабиёти форсӣ аст . Масъалаи ҳувияти миллӣ масъалаи бисёр муҳимме аст ва ҳамвора мавриди таъкиди Мақоми муаззами раҳбарӣ низ будааст .
Раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ идома дод : Акнун бо гузашти беш аз бист сол аз интишори дастурхати форсӣ ва дарёфти бозхурдҳои мутаъаддид, ҳамчунин фарогир шудани ҳуруфнигорӣ дар муҳити роёна ва фазои маҷозӣ, Фарҳангистони забону адаби форсӣ ташкили коргурӯҳе зери назари доктор Муҳаммади Дабирмуқаддам, муовини илмӣ ва пажӯҳишии Фарҳангистони Эрон ва бо ҳузури бархе аз аъзои пайваста, вобаста ва ҳайати илмии Фарҳангистон ва баҳрагирӣ аз орои тане чанд аз соҳибназарони хориҷ аз Фарҳангистон барои бознигарӣ дар дастури хатти форсӣ ташкил шуд, ки пас аз баргузории панҷоҳ ҷаласа  верости ҷадиди дастурхати форсӣ тадвин тасвиб ва омодаи интишор шуд .
Ӯ изофа кард : Хабари хуши дигар мунташир шудани ҷилди сеюми Фарҳанги ҷомеъи забони форсӣ аст.
 

 

Барчасп