Декабр 21, 2016 12:14 Asia/Dushanbe
  • Оғози сафари раисҷумҳури Эрон ба Қафқоз ва Осиёи Марказӣ

Раисҷумҳури исломии Эрон даври ҷадиди сафарҳои минтақаии худ ба Осиёи Марказиро бо сафар ба Арманистон оғоз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон субҳи имрӯз бо ҳадафи сиёсати тақвияти муносибот ва таъмиқи ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа, ба даъвати расмии раисҷумҳури Арманистон озими Ереван, пойтахти ин кишвар шуд. Раисҷумҳури исломии Эрони пас аз поёни сафар ба Арманистон ба кишварҳои Қазоқистон ва Қирғизистон сафар хоҳад кард .

Рӯҳонӣ пеш аз сафар ба Арманистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Эрон дар паи афзоиши ҳаҷми муносиботи иқтисодӣ бо кишварҳоӣ Осиёи Марказӣ аст .

Раисҷумҳури исломии Эрон бо баёни инки кишвараш дар солҳои ахир равобити наздике бо Арманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барқарор кардааст, тасреҳ кард: Ин се кишвари Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бахше аз масири Эрон барои иттисол ба ғарб, шарқ ва шимол ҳастанд .

Музокираи ҳайъатҳои олирутбаи ду кишвар, имзоӣ чанд санади ҳамкорӣ миёни мақомоти Эрон ва Арманистон ва баргузории ҳамоиши бозаргонони ду кишвар аз ҷумлаи барномаҳои сафари раисҷумҳури Эрон ба Арманистон аст .

 

Барчасп