Май 10, 2023 19:17 Asia/Dushanbe
  • Нишасти адабии «Шевоиву шайдоӣ» ба муносибати бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ
    Нишасти адабии «Шевоиву шайдоӣ» ба муносибати бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ

Нишасти адабии «Шевоиву шайдоӣ» бо мавзуи “Шоҳнома” аз нигоҳи хонаводаи се кишвари Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ҷумъаи 22 урдибиҳишт (12 май), соати 10 дар Фарҳангсарои хонавода баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, нишасти адабии «Шевоиву шайдоӣ» ба муносибати бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, шоири бузурги Эронзамин ва Рӯзи посдошти забони форсӣ рӯзи ҷумъаи 22 урдибиҳишт (12 май) дар Фарҳангсарои хонавода баргузор мешавад.

Ин барнома бо суханронии Парастуи Яминӣ, устоди донишгоҳи риштаи адабиёти форсӣ ва иҷрои мусиқии суннатӣ, наққолӣ ва шеърхонӣ ҳамроҳ аст.

Ҳамчунин баҳсу баррасӣ ва табодули назар дар бораи ашъори Фирдавсӣ фалсафаи он, достони “Шоҳнома” ва фарҳанги Эрон аз дигар бахшҳои дар назаргирифташуда дар ин нишасти адабӣ аст.

Нишасти «Шевоиву шайдоӣ» бо ҳамкории Конуни адабӣ - ирфонии Шафақ ва ҳавзаи ҳунарӣ баргузор мешавад ва алоқамандон ба мабоҳиси адабиву ирфонӣ барои ҳузур дар барномаи ёдшуда метавонанд рӯзи ҷумъаи 22 урдибиҳишт аз соати 10 субҳ ба Фарҳангсарои хонавода, воқеъ дар хиёбони Сайидҷамолиддини Асадободӣ (Юсуфобод), хиёбони бистуякум, бӯстони Шафақи Теҳрон муроҷиа кунанд.

 

Барчасп