Вокуниши Эрон ба иқдоми порлумони Шветсия зидди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
(last modified Thu, 11 May 2023 12:56:33 GMT )
Май 11, 2023 17:56 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба иқдоми порлумони Шветсия зидди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон иқдоми порлумони Шветсия дар бораи Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро мутаъассир аз аносири терруристу матруди миллати Эрон донист ва ба шветсиявиҳо ҳушдор дод манофеи миллии Шветсия ва равобити деринаи ду кишварро фидои манофеи душманони шиносномадори миллати Эрон накунанд .

Носири Канъонии Чофӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба иқдоми нобихрадонаи порлумони Шветсия мабнӣ бар қарор гирифтани номи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар феҳристи созмонҳои ба истилоҳ " террористи "и Иттиҳодияи Аврупо, афзуд : Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ як ниҳоди ҳокимиятии баромада аз матни миллати Эрон ва дорои ҳувияти расмӣ ва қонунии мунбаис аз Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки ҳамгом бо дигар арқони неруҳои мусаллаҳ масъӯлияти посдорӣ аз амнияти миллӣ ва марзии кишварро бар уҳда дорад.
Сухангӯи дастгоҳи дипломасии Эрон ба давлати Шветсия тавсия кард бо дурандешӣ ва дироят аз фурӯ афтодан дар доми паҳншуда барои равобити ду кишвар иҷтиноб карда ва бо тафаккур нисбат ба пайомадҳои чунин иқдоми наснҷидае манофеи миллии Шветсия ва равобити деринаи ду кишварро фидои манофеи терруристҳо ва режими апартайди саҳюнистӣ ва душманони шиносномадори миллати Эрон накунад .