Вокуниши Теҳрон ба изҳороти Трамп ; миллати Эрон иҷозаи дахолати хориҷӣ намедиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123680-Вокуниши_Теҳрон_ба_изҳороти_Трамп_миллати_Эрон_иҷозаи_дахолати_хориҷӣ_намедиҳад
Порс тудей - Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон бо ёдоварии корномаи Амрико эълом кард миллати Эрон иҷозаи дахолати хориҷӣ дар умӯри дохилии худро нахоҳад дод.
(last modified 2026-01-06T04:15:44+00:00 )
Январ 03, 2026 09:13 Asia/Dushanbe
  •   Исмоили Бақоӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон
    Исмоили Бақоӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон

Порс тудей - Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон бо ёдоварии корномаи Амрико эълом кард миллати Эрон иҷозаи дахолати хориҷӣ дар умӯри дохилии худро нахоҳад дод.

Исмоили Бақоӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба изҳороти мудохилаҷӯёнаи раиси ҷумҳӯри Амрико таъкид кард : Эрониён дар гуфтугӯ ва таъомул бо якдигар барои ҳалли мушкилот , иҷозаи ҳеҷ гӯна мудохилаи хориҷиро нахоҳанд дод. Ба гузориши Порс тудей , Бақоӣ гуфт : Кофӣ аст корномаи тӯлонии иқдомоти сиёсатмадорони Амрико барои « наҷоти мардуми Эрон » мурӯр шавад, то ба умқи « ҳамдили »и Амрико бо миллати Эрон пай бибарем ; аз созмондиҳии кудатои 28 мурдоди 1332 алайҳи давлати мунтахаби доктор Муҳаммади Мусаддиқ бо таъмини молӣ ва таҷҳизи иғтишошгарон , то шиллек ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон дар соли 1367 ва куштори занону кӯдакони бегуноҳ бар фарози халиҷи Форс , то ҳимояти ҳамаҷониба аз Саддом дар ҷанги 8 сола алайҳи эрониён , то ҳамдастӣ бо режими Исроил дар террору куштори эрониён ва ҳамла ба зерсохтҳои Эрон дар хурдоди 1404 ва албатта таҳримҳое, ки шадидтарин таҳримҳои таърих ном гирифтааст ;ва имрӯз низ таҳдид ба ҳамла ба Эрон ба баҳонаи дилсӯзӣ барои эрониён бо нақзи фоҳиши муҳимтарин асли ҳуқуқи байналмилал!