Ифтитоҳи ғурфаи Тоҷикистон -
Меҳмони вижаи Намоишгоҳи китоби Теҳрон + АКСҲО
Имсол ( 2023 ) Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижаи Намоишгоҳи китоби Теҳрон интихоб шуд.
Дувумин рӯз аз сивучаҳорумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон бо ифтитоҳи ғурфаи Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижаи ин давра ва бахши ноширони хориҷӣ ҳамроҳ аст.
Ғурфаи Тоҷикистон - меҳмони вижаи ин давраи намоишгоҳ бо ҳузури Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон, Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, Ёсир Аҳмадванд, раиси сивучаҳорумин Намоишгоҳи китоби Теҳрон дар бахши байналмилал ифтитоҳ шуд.
Ин руйдоди фарҳангӣ бо бозтоби густардаи расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳамроҳ аст. Аксҳое аз ин руйдоди фарҳангӣ, ки расонаҳои эронӣ мунташир кардаанд, манзури хонанда мегардад: