Май 13, 2023 18:18 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии вазнабардори Эрон қаҳрамони Осиё шуд
    Тими миллии вазнабардори Эрон қаҳрамони Осиё шуд

Тими миллии вазнабардории Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Кореяи Ҷанубӣ ба мақоми қаҳрамонӣ даст ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, тими миллии вазнабардории Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Коряи Ҷанубӣ бо 635 имтиёз дар бахши мардон ба мақоми қаҳрамонӣ даст ёфт ва Узбакистон бо 631 имтиёз дар мақоми дувум истод.

Ҳусейни Султонӣ 2 тилло ва як нуқра, Ояти Шарифӣ ва Алиризо Юсуфӣ ҳар кадом як нуқра, Мустафо Ҷаводӣ ва Фотима Кишоварз ҳар кадом 2 биринҷ ва Маҳдии Карамӣ як биринҷ касб карданд.

Оят Шарафӣ дар рақобатҳои дастаи +109 вазнабардори қаҳрамони Осиё дар як зарба мувафақ ба маҳори вазнаи 197 килограм шуд ва ба медали нуқра расид.

Алиризо Юсуфӣ ҳам дар рақобатҳои дузарб бо маҳори вазнаи 246 килограм ба медали нуқраи Осиё расид ва рекорди ҷавонони ҷаҳон дар ин ҳаракатро шикаст.

Тими Эрон дар бахши мардон 10 намоянда ва дар бахши занон панҷ вазнабардорро ба Коряи Ҷанубӣ фиристода буд.