Таъкиди Меҳробиён бар пайгирии талаби ҳаққи ҳаққобаи Эрон аз Ҳирманд
(last modified Mon, 15 May 2023 06:41:42 GMT )
Май 15, 2023 11:41 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Меҳробиён бар пайгирии талаби ҳаққи ҳаққобаи Эрон аз Ҳирманд
    Таъкиди Меҳробиён бар пайгирии талаби ҳаққи ҳаққобаи Эрон аз Ҳирманд

Вазири нерӯи Эрон гуфт: Пайгирии ҳаққобаи Ҳирманд аз авлавиятҳои муҳими давлат дар Систону Балучистон аст ва дар ин робита давлат ҳамаи талоши худро ба кор хоҳад баст.

Бар асоси муъоҳидаи Ҳирманд, ки дар соли 1972 ба имзои мақомоти вақти Эрон ва Афғонистон расид, саҳми Эрон аз рудхонаи Ҳирманд муъодили 820 миллион метри мукаъаб дар сол ва дар ҳудуди 26 метри мукаъаб дар сония аст, ки албатта дар моҳҳо ва фаслҳои мухталиф мафовут мекунад.

 Ба гузориши Садои Хуросон,  Алиакбари Меҳробиён гуфт: Давлат ҳамаи абзорҳои худ ба манзури ҳаққи мардуми сокин дар шарқи кишварро ба кор баста ва дар ин масир аз ҳеҷ талоше то комил гирифтани ҳаққу ҳуқуқи мардуми Эрон фурӯгузор нахоҳад кард.

Вай идома дод: Яке аз муҳимтарин дастури корҳои ҳавзаи дипломосии об Вазорати нерӯ, масъалаи пайгирии муъоҳидаи Ҳирмнад миёни Эрон ва Афғонистон буда ва дар ин масир, то кунун ҷаласаҳои мустамир камисиёри об дар канори сафари вазири нерӯ ба Афғонистон барои ин масъала  анҷом шуда ва талошҳо барои  ҳаққу ҳуқуқи Эрон идома дорад.

Меҳробиён дар бораи аҳамияти таъмини об бар асоси муъоҳидаи  Ҳирманд гуфт: Пас аз дастури раисиҷумҳӯр ба манзури тасреъ дар раванди ҳалли масъалаи шарқи кишвар, умури душанбе ҷаласаи муҳим бо ҳузӯри ҳамаи дастгоҳҳои зиррабт бо меҳварияти пайгирии ҳаққобаи қонунуи Ҳирманд баргузор мешавад.

Вазири нерӯ идома дод: Тасмимҳои муҳиме дар хусуси ҳалли масъалаи оби шарқи кишвар дар ин ҷаласа гирфита хоҳад шуд.