Эъломи ҷиҳоди уламои аҳли суннат муқобили террористҳои амрикоӣ ва саҳюнистӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124342-Эъломи_ҷиҳоди_уламои_аҳли_суннат_муқобили_террористҳои_амрикоӣ_ва_саҳюнистӣ
“Порс-Тудей”. Уламои аҳли суннати устони Систону Балучистон, ҷануби шарқи Эрон, ҳимояти худро аз неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дифоъ аз иззату амнияти кишвар эълом ва таъкид карданд: Ҷиҳод дар баробари режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва ҳомиёни мустакбири он фаризае бузург аст.
(last modified 2026-03-06T12:11:59+00:00 )
Март 06, 2026 17:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳилъузмо имом Хоманаӣ (қуддусаллоҳу нафсал закияҳ)
    Ҳазрати оятуллоҳилъузмо имом Хоманаӣ (қуддусаллоҳу нафсал закияҳ)

“Порс-Тудей”. Уламои аҳли суннати устони Систону Балучистон, ҷануби шарқи Эрон, ҳимояти худро аз неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дифоъ аз иззату амнияти кишвар эълом ва таъкид карданд: Ҷиҳод дар баробари режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва ҳомиёни мустакбири он фаризае бузург аст.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, 660 мавлавии аҳли суннати устони Систону Балучистон бо интишори баёнияе шаҳодати қоиди уммати Ислом - ҳазрати оятуллоҳилъузмо имом Хоманаӣ (қуддусаллоҳу нафсал закияҳ)-ро табрик ва таслият гуфтанд.

Дар ин баёния омадааст: Ҳазрати оятуллоҳилъузмо имом Хоманаӣ, абди солеҳи Худованд, валии фақеҳ ва раҳбари ҳакими уммати Ислом пас аз умре муҷоҳидати холисона дар роҳи эътилои калимаи ҳақ, дифоъ аз Исломи ноб ва ҳимоят аз мустазъафони олам, ба файзи азими шаҳодат ноил омад ва ба қофилаи нуронии шаҳидони роҳи ҳақ пайваст.

Бетардид имрӯз вазифаи шаръӣ ва таърихии уламо, андешамандон ва ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон, ба вижа мусулмонон он аст, ки дар баробари ин таҷовузи ошкору ҷинояти бузурги амрикоӣ - саҳюнистӣ сукут накунанд. Зеро ин ҳамла сирфан мутаваҷҷеҳи як миллат ё як сарзамин нест, балки тааррузе ошкор ба Ислом, имону ҳувияти уммати исломӣ аст.

Уламои аҳли суннати Балучистон зимни маҳкумияти қотеи ин ҷинояти ҳавлноку зойеаи ҷонсӯз, бо қалбҳое оканда аз андӯҳ ва дар айни ҳол саршор аз азму ғайрати исломӣ, ҷиҳод дар баробари режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва ҳомиёни мустакбири онро фаризае бузург эълом медорем.