Декабр 21, 2016 16:26 Asia/Dushanbe
  • Имзои панҷ санади ҳамкорӣ миёни Эрон ва Арманистон

Бо ҳузури Ҳасани Руҳонӣ ва Серж Саргсян раисони ҷумҳурии Эрон ва Арманистон дар Ереван, 5 ёддошти тафоҳум ва мувофиқатномаи ҳамкорӣ байни ду кишвар имзо шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, ин мувофиқатномаҳо байни Эрон ва Арманистон дар заминаҳои фарҳангӣ, гардишгарӣ, сармоягузорӣ, варзишӣ ва вазъиятҳои изтирорӣ ба имзо расидааст.  

Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе ба манзури дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Арманистон ба ин кишвар сафар кард ва дар Ереван ба таври расмӣ аз сӯи Серж Саргсян раиси ҷумҳурии Арманистон мавриди истиқбол қарор гирифт.

Раисони ҷумҳурии Эрон ва Арманистон пас аз поёни маросими истиқболи расмӣ, дар хусуси тақвияти муносибот ва таъмиқи ҳамкориҳои муштараки дуҷониба, минтақаӣ ва байналамилалӣ ва эҷоди таҳаррук ва шитоб дар равобити Теҳрон - Ереван дар бахшҳои мухталиф музокира карданд.

 

Барчасп