Май 19, 2023 16:39 Asia/Dushanbe
  • Зиндагиномаи раҳбарӣ дар китоби савтии «Селлули шумораи 14» ба забони англисӣ
    Зиндагиномаи раҳбарӣ дар китоби савтии «Селлули шумораи 14» ба забони англисӣ

Муовини умури байналмилали Муассисаи пажӯҳишӣ - фарҳангии инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, ойини рӯнамоӣ аз китоби савтии «Селлули шумораи 14» ба забони англисӣ, ки зиндагиномаи худнавишти Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ аст, бургузор шуд.

Доктор Ахгарӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон дар мусаллои ин шаҳр афзуд: Номи дигари ин китоб «Хуни диле, ки лаъл шудаст».

Ӯ гуфт, то кунун ин китоб ба ҳафдаҳ забони хориҷӣ тарҷума шуда ва ба ёздаҳ забони хориҷӣ чопу мунташир шудааст.

Вай ёдовар шуд, ба зудӣ ин китоб ба забонҳои португалӣ, олмонӣ, шветсияӣ, фаронсавӣ, итолиёӣ ва русӣ мунташир мешавад.

«Эрон- садо» ин китобро бо кумаки ду гӯяндаи мусаллат ба забони англисӣ дар муддати як сол табдил ба китоби савтӣ карда ва алоқамандон метавонанд ин китоби савтиро аз сомонаи «Эрон-садо» ба сурати ройгон дарёфт кунанд.

 

Барчасп