Дастаи Ваҳдат Ҳаннонов-қаҳрамони Лигаи бартари футболи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i102392-Дастаи_Ваҳдат_Ҳаннонов_қаҳрамони_Лигаи_бартари_футболи_Эрон
Дастаи “Персполис”-и Теҳрон,ки Ваҳдат Ҳаннонов,футболбози тоҷикро дар ихтиёр дорад, қаҳрамони Лигаи бартари футболи Эрон шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 19, 2023 20:30 Asia/Dushanbe
  • Дастаи Ваҳдат Ҳаннонов-қаҳрамони Лигаи бартари футболи Эрон

Дастаи “Персполис”-и Теҳрон,ки Ваҳдат Ҳаннонов,футболбози тоҷикро дар ихтиёр дорад, қаҳрамони Лигаи бартари футболи Эрон шуд .

Ба ин тартиб Ваҳдат дар қатори дигар ҳамдастаҳояш қаҳрамониро ҷашн гирифт.

Дар чорчӯби ҳафтаи поёнии Лигаи бартари футболи Эрон, Персполис дар шаҳри Қоимшаҳр(дар шимоли Эрон) меҳмони дастаи Нассоҷӣ буд ва бо пирӯзӣ муқобили ин тим ба мақоми қаҳрамонӣ расид .

Персполис фақат дар сурати пирӯзӣ муқобили Нассоҷӣ қаҳрамон мешуд .Дастаи Сипоҳон”-и Исфаҳон ҳам бо вуҷуди пирӯзӣ муқобили дастаи “Мис”-и Кирмон дувум шуд . “Истиқлол”-и Теҳрон низ ба мақоми сеюм расид.