Май 20, 2023 08:24 Asia/Dushanbe
  • Вазири дохилаи Эрон : Масъалаи об миёни Эрону Афғонистон бояд бо тафоҳум ҳал шавад

Вазири дохилаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Масъалаи об миёни Эрону Афғонистон бояд бо тафоҳум ҳал шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси муоҳидаи Ҳирманд, ки дар соли 1972 ба имзои мақомоти вақти Эрон ва Афғонистон расид, саҳми Эрон аз оби рӯдхонаи Ҳирманд муодили 820 миллион метри мукааб дар сол ва дар ҳудуди 26 метри мукааб дар сония аст, ки албатта дар моҳҳо ва фаслҳои мухталиф тафовут мекунад . Акнун давлату миллати Эрон интизор доранд то дар чорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба Толибони Афғонистон низ бар таъаҳҳуду ваъдаи худ дар ин хусӯс пойбанд бошад ва беш аз ин худро тарафи ғайримасъӯл дар баробари ҳамсояи худ нишон надиҳад.
Раёсати ҳукӯмати Толибони Афғонистон низ бо интишори баёнияе эълом кард : Толибон як бори дигар таъаҳҳуд медиҳад, ки бо дар назардошти мувофиқатномаи оби Ҳирманд тамоми талоши хешро ба харҷ медиҳад, ки оби таъаҳҳудшуда ба мардуми Эрон бирасад. Аҳмади Ваҳидӣ-вазири дохилаи Эрон дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт : Масъалаи об миёни Эрону Афғонистон бояд бо тафоҳум ҳал шавад ва Толибон иҷоза диҳанд масъӯлони эронӣ аз садди Камолхон дидан кунанд.
Ваҳидӣ афзуд : Ҳақобаи Эрон ( дар толоби Ҳомун ) як ҳаққи торихӣ аст ва ҳокимони Афғонистон ва Толибон борҳо ба вуҷуди ҳақоба барои Эрон иқрор кардаанд ва гуфтаанд дар сурати вуҷуди об ҳақобаи Эрон раҳосозӣ мешавад .
Вазири дохилаи Эрон ҳамчунин гуфт : Толибон мегуяд об нест ва бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки об пушти садди марбута ( садди Камолхон ва банди Каҷакӣ ) вуҷуд дорад ва барои ин ки норушаниии мавҷуд аз байн баравад бояд ба як тафоҳум бо Толибон бирасем ва дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати хориҷаи Эрон ва Толибон масъӯлони зирабт аз вазъияти оби пушти сад дидан кунанд .
Ҳасани Козимии Қумӣ-сарпарасти сафорати Эрон дар Афғонистон низ гуфт : Агар собит шавад дар сад об ҳасту Толибон ҳақобаи Эронро намедиҳанд, онҳо бояд посухгӯи кори худ бошад .
Козимии Қумӣ афзуд : Эрон бештар аз ҳар кишвари дигаре ба мардуми Афғонистон хизмат кардааст .
 
Бештар бихонед :

 

Барчасп