Май 21, 2023 08:53 Asia/Dushanbe
  • Иваз намудани парчами ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотими Маъсума(с) ба муносибати оғози даҳҳаи каромат
    Иваз намудани парчами ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотими Маъсума(с) ба муносибати оғози даҳҳаи каромат

Ойини иваз намудани парчами боргоҳи малакутии каримаи аҳлубайт(а) ба муносибати оғози даҳҳаи каромат ва солрузи мелоди босаъодати ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) асри шанбе бо ҳузури ошиқони хонаводаи исмат ва таҳорат баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин ойини бошукуҳ яке аз зокирони аҳлубайт ба мадҳиясарояи пардохт ва парчами мутабарик бар гунбади мутаҳҳари бонуи каромат(с) барафрошта ва низ ойини нақоразани иҷро шуд.

Даҳаи каромат аз аввали зилқаъда ҳамзамон бо солрузи мелоди ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) оғоз мешавад ва то 11 зилқаъда солрузи мелоди ҳазрати имом Ризо(а) идома дорад.

Ойини оғози ҷашни даҳаи каромат имруз якшанбе бо ҳузури уламо, масъулон ва қишрҳои мухталифи мардум дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) баргузор мешавад.

Барчасп