Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон:
Шаъни қонунгузории маҷлис аз шаъни назоратии он бисёр болотар аст
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо такрими азамату ҷойгоҳи ниҳоди Маҷлиси Шӯрои исломӣ, шаъни қонунгузории маҷлисро аз шаъни назоратии он бисёр болотар ва муҳимтар баршумурданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори намояндагони давраи ёздаҳуми Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, ин маҷлисро дар маҷмуъ ва дар нигоҳе куллӣ, маҷлисе инқилобӣ,ҷавон, пуртаҳаррук ва дорои мусавваботи хуб барои рафъи мушкилоти кишвар хонданд ва бо табйини илзомоти қонунгузорӣ, аз ҷумла асарнопазирӣ аз ҷавзадагӣ ва мулоҳизоти ҷиноҳӣ гуфтанд: Дар соли охир маҷлис корҳои бузурге чун баррасӣ ва тасвиби барномаи ҳафтуми тавсеа, тасвиби қавонини лозим барои таҳаққуқи шиори сол, яъне маҳори таваррум ва рушди тавлид ва баррасии тарҳҳои нимакораро бо талоши бевақфа ба саранҷом бирасонед.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ тавваҷуҳи комил ба сиёсатҳои куллиро дар ҳар навъи қонунгузорӣ комилан зарурӣ донистанду гуфтанд: Қонунро бо саломат, таҳорат ва барои ризояту нусрати Худо банависед, ки агар ин бошад, ҳатман баракат меёбед.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ шинохти мушкилоти кишвару қонунгузорӣ барои ҳалли онҳоро аз хусусиёти маҷлиси ёздаҳум баршумурданду афзуданд: Умдаи қавонин барои мубориза бо фасод, рафъи табъиз, рафъи инҳисору беҳбуди фазои касбу кор ва бо қотеияту сароҳат тасвиб шудааст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бархе мусавваботи маҷлиси феълиро роҳбурдӣ донистанду гуфтанд: Қонуни иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо, мусаввабае асосӣ ва муҳим буд, ки кишварро аз саргардонӣ дар масъалаи ҳастаӣ ва ҳолати надонамкорӣ наҷот дод, ки натоиҷи иҷрои он ҳатто дар арсаи ҷаҳонӣ мушоҳида мешавад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ нигоҳу рӯйкарди дурустро нигоҳи тақрибӣ, мукаммил будан ва як пайкара дидани маҷмӯаи низом донистанду афзуданд: Рӯйкарди маҷлису давлат бояд ҳамкорӣ ва ҳамафзоӣ бошад.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар оғози суханониашон ба муносибати сеюми хурдод - солрӯзи озодсозии Хуррамшаҳр, ин ҳамосаи муъҷизаосоро ба оҳоди миллати бузурги Эрон табрик гуфтанд ва бо тавсия барои мутолеаи китобҳое, ки дар бораи “амалиёти Байтулмуқаддас” навишта шуда, афзуданд: Муҳимтар аз ин фатҳи азим, ибтикорот, нақшаҳои ҷангии қобили тадрис дар донишгоҳҳои ҷанг, фидокориҳову рашодатҳои фавқи тоқати матаорифи башар, шаҳидони олии мақому ҷараёнҳову ҳақоиқи дигаре ҳастанд, ки дар он амалиёти камназир ҷорӣ буд, ки набояд гузошт камранг ё фаромӯш шаванд.