Май 27, 2023 09:30 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси ҷумҳӯри Узбекистон ба Теҳрон таи ҳафтаҳои оянда

Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри Узбекистон қарор аст таи ҳафтаҳои оянда ва дар сарварии ҳайати баландпоя ба Теҳрон сафар кунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори рӯзи ҷумъаи Маҳдии Зайғамӣ-сарпарасти Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бо Баҳодур Абдуллоев-сафири Узбекистон дар Теҳрон барномарезӣ барои баргузории Комиссиюни муштараки Эрону Узбекистон дар Тошканд ва сафари чанд ҳафтаи ояндаи Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри Узбекистон ба Теҳрон анҷом шуд .
Маҳдии Зайғамӣ дар ин дидор ҳамчунин бар лузӯми густариши равобити тиҷории 2 кишвар бо инъиқоди тавофуқномаи тиҷорати тарҷеҳӣ ва рафъи мавонеъ бар сари роҳи бозаргонони ду кишвар таъкид кард . Зайғамӣ аз талоши Эрон барои рафъи мавонеъ бар сари роҳи тронзити колоҳои Узбекистон хабар дод ва гуфт : Барномарезии баргузарии ҳамоиши тиҷории Эрону Узбекистон бо ҳузури туҷҷори 2 кишвар дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба Теҳрон дар ҳоли анҷом аст .
Баҳодур Абдуллоев низ Эронро наздиктарин масири дастрасӣ ба дарёи озод барои ин кишвар донист ва хостори рафъи мавонеъи тронзити коло аз масири Эрон шуд .
Вай ибрози умедворӣ кард то нақшаи роҳи табодулоти тиҷории 2 кишвар бо ҳадафгузории тиҷорати як миллиарддолларӣ дар сафари раиси ҷумҳӯри Узбекистон ба Теҳрон ба имзои 2 тараф бирасад ва гуфт : Бо рафъи мавонеъи тронзитӣ табодулоти тиҷории Эрону Узбекистон ба 4 миллиард доллар хоҳад расед .

Бештар бихонед :

 

Барчасп