Барномарезӣ барои тиҷорати як миллиарддолларии Эрону Сурия
Раиси утоқи бозаргонии муштараки Эрону Сурия аз барномарезӣ барои тиҷорати як миллиарддолларии Эрону Сурия хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар посух ба даъвати расмии Башор Асад-раиси Ҷумҳурии Сурия чаҳоршанбе ва панҷшанбеи 4 ва 5 майи 2023 дар садри ҳайати олирутба ба ин кишвар сафар ва дар бораи роҳҳои густаришу тақвияти равобити дуҷониба, охирин таҳаввулоти минтақа ва байналмилалӣ бо мақомоти сурӣ табодули назар кард .
Дар ҷараёни сафари Раисӣ ба Сурия ҳамчунин 15 санади ҳамкории Эрону Сурия бо ҳузури раисони Ҷумҳурии ду кишвар имзо шуд .
Кайвони Кошифӣ-раиси утоқи бозаргонии муштараки Эрону Сурия бо баёни инки барномарезӣ барои тиҷорати як миллиарддолларии Эрону Сурия таи ду сол анҷом шудааст, гуфт : Бо сафари Сайидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳӯр ба Димишқ музокироти судманде барои иҷроӣ шудани тавофуқот анҷом шуд, ки уфуқи ҷадидеро барои тавсеаи равобит фароҳам овард .
Кошифӣ афзуд : Ниёзҳо барои тавсеаи равобити Эрону Сурия мавриди мутолиа қарор гирифта, то бо рафъи онҳо битавонем густариши мубодилоту дипломасии иқтисодиро ба саранҷом бирасонем .
Раиси утоқи бозаргонии муштараки Эрону Сурия ҳамчунин гуфт : Афзоиши содироту воридот миёни ин ду кишвар қобили анҷом аст .
Кошифӣ хотирнишон кард : Колоҳои эронӣ аз масири Курдистони Ироқ ба Сурия мерасад, ки шомили рақами муодили 700 миллион доллар мешавад .
Бештар бихонед :