Май 27, 2023 14:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Қазоқистон аз сармоягузорӣ дар бандарҳои Эрон

Қазоқистон сармоягузории аъзои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар бандарҳои Эронро омили тавсеаи ин иттиҳодия арзёбӣ кард .

Коридори Шимол - Ҷануб номи пружаи бузурги ҳамлу нақлӣ аст, ки дар паи тавофуқи се кишвари Ҳинд, Эрон ва Русия дар соли 2000 калид хурд . Ин пружа ба унвони як пули иртиботии муҳим байни кишварҳои аврупоӣ ва Русия бо манотиқи халиҷи Форс, уқёнуси Ҳинд ва ҷануби шарқии Осиё шинохта мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, Қосимжомарт Тақоев-раиси Ҷумҳурии Қазоқистон дар нишасти « Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё » бо ишора ба аҳамияти коридорҳои « Шимол - Ҷануб » ва « Транс-Каспия » сармоягузории муштараки аъзои ин иттиҳодия барои эҷоди зерсохтҳои баҳрӣ ва хушкӣ дар банодири Эрону Туркманистонро омили тавсеаи ҷуғрофиёии содиротии кишварҳои узв ва тавоноиҳои логистикии онҳо арзёбӣ кард .
Тақоев ҳамчунин бо истиқбол аз тасмими Русия барои эҷоди коридорҳое дар масири Чининд, Эрон ва дигар минтақаи ғарбу ҷануби шарқи Осиё ибрози итминон кард, ки Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, шимолу ҷануби ҷаҳонро ба ҳам васл хоҳад кард .
Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аз соли 2015 миёни Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон шакл гирифт. Эрон низ аз исфанди соли 2020 ба узвияти ин иттиҳодия дар омадааст .
 
Бештар бихонед :

 

Барчасп