Декабр 22, 2016 15:00 Asia/Dushanbe
  • Имзои панҷ санади ҳамкорӣ байни Эрон ва Қазоқистон

Дар сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Қазоқистон, панҷ санади ҳамкорӣ байни ду кишвар имзо шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин аснод дар заминаҳои карантини домӣ, киштиронӣ дар дарёи Хазар, кор ва таъмини иҷтимоӣ, гардишгарӣ ва ҳамкории Бонки марказии Эрон ва Бонки миллии Қазоқистон барои осонсозии тиҷорат, имзо шудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар поёни сафар ба Арманистон, чаҳоршанбешаб аз Ереван вориди Остона- пойтахти Қазоқистон шуд ва субҳи рӯзи панҷшанбе мавриди истиқболи расмии Нурсултон Назарбоев, ҳамтои қазоқи худ қароргирифт.

Ҳасани Рӯҳонӣ ва Нурсултон Назарбоев пас аз маросими истиқбол, дар бораи густариши равобит ва ҳамкориҳои муштарак дар заминаҳои мухталиф ва эҷоди таҳаррук ва шитоб дар равобити Теҳрон- Остона гуфтугӯ карданд.

 

Барчасп