Июн 01, 2023 16:40 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Эрон дар таъйини сиёсати хориҷии худ мунтазири ахму лабханди касе нест

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки дар гузашта бархе тасаввур мекарданд сарнавишти кишварҳо ба дасти чанд кишвари маҳдуд рақам мехурад гуфт: Эрон дар таъйини хутути сиёсати хориҷии худ мунтазири ахму лабханди касе нест .

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати Ҷумҳурӣ ; Сайидиброҳими Раисӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ихтитомияи гирдиҳамои руасойаи намояндагиҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар хориҷ аз кишвар, ки бо меҳварияти « Назми ҷаҳонии дар ҳоли зуҳӯр ; нақши офаринии Ҷумҳурии исломии Эрон » баргузор шуд, изҳор кард: Доктиринаи сиёсати хориҷии Эрон таъомул бо ҳамаи кишварҳо устувор бар адолат ва таъодул аст .
Раисӣ бо баёни инки Эрон бо ҳар кишваре ба таносуби иқтизоъоти он ҳамкорӣ мекунад, афзуд: Ин идрок ки чун Эрон таҳрим аст хеле аз кишварҳо ҳозир ба ҳамкорӣ бо Теҳрон нестанд, комилан ғалат аст ва гувоҳи он изҳори тамоюли мақомоти кишварҳои мухталиф барои густариши ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии исломии Эрон аст .

 

Барчасп