Июн 03, 2023 16:34 Asia/Dushanbe
  • Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон: Омодаи муқобила бо ҳар гуна тааррузи душманон ба ормонҳои имом Хумайнӣ (раҳ.) ва инқилоб ҳастем

Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар баёнияе бо посдошти ёд, ном ва ормонҳои ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) барои муқобила бо ҳар гуна таҳдиду тааррузи душманон ба ормонҳои ҳазрати имом (раҳ.) ва Инқилоби исломӣ, эъломи омодагӣ кард.

Фардо якшанбе чаҳордаҳуми хурдоди 1402 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо чаҳоруми июни 2023 солрӯзи иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

34 соли пеш, Рӯҳуллоҳ Мӯсавии Хумайнӣ (раҳ.), раҳбари кабири Инқилоби Исломӣ, пас аз 87 соли зиндагии пурталошу хастагинопазир, чашм аз ҷаҳон фурӯбастанд ва ба дидори Ҳақ шитофтанд.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ба муносибати риҳлати имом Хумайнӣ (раҳ.) дар баёнияе бо ишора ба инки ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) дар наҳзате мубтанӣ бар суннатҳои илоҳӣ дар масири роҳи Анбиё (а) ҳаракате мардумиро пеш бурд, ки мутамоиз аз ҳамаи инқилобҳои мавҷӯд дар шарқу ғарб будааст, тасреҳ кардааст: Пайрезии ҳукӯмати исломии мубтанӣ бар омӯзаҳои Қуръону итрат бо вижагиҳое мумтоз ҳамчун адами вобастагӣ ба тоғӯтҳои замон боис шуд, ки ҳаракати имом Хумайнӣ (раҳ.) бо ҳеҷ ҳаракатие баъд аз садри Ислом токунӯн қобили муқоиса набошад.

Дар идомаи ин баёния омадааст: Имрӯзи иқтидору сарбаландии миллати Эрон боиси тағйир дар ҳандасаи муҳосиботии қудратҳои ҷаҳон шуда ва таъбире аз фармоиши таърихии имом Хумайнӣ (раҳ. ) аст, ки Ислом сангарҳои калидии ҷаҳонро фатҳ хоҳад кард.

Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бо посдошти ёд, ному ормонҳои ҳазрати имом (раҳ.) зимни эъломи омодагӣ барои муқобила бо ҳар гуна таҳдиду тааррузи душманон ба ормонҳои ҳазрати имоми Хумайнӣ (раҳ.) ва Инқилоби исломӣ, чаҳордаҳуми хурдодмоҳро ба унвони рӯзи бузурги таҷдиди мисоқи уммат бо ормонҳои имом Хумайнӣ (раҳ.) ва ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ арҷ мениҳад.

 

Барчасп