Таслияти солрузи иртиҳоли имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон
(last modified Sun, 04 Jun 2023 04:52:50 GMT )
Июн 04, 2023 09:52 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрузи иртиҳоли имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Таслияти солрузи иртиҳоли имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон

Якшанбе 14 хурдодмоҳи соли 1402 ҳиҷрии шамсӣ 15 зинқаъдаи соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 4 июни соли 2023 солрузи иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

34 сол пеш дар чунин рузи Руҳуллоҳ Мусавии Хумайнӣ(р) Раҳбари кабири инқилоби исломии Эрон пас аз 87 сол зиндагии пурталош ва хастагинопазир чашм аз ҷаҳон фуру бастанд ва ба дидори ҳақ шитофтанд.

Ҳазрати имом Хумайнӣ(р) муборизоти худро аз соли 1342 ҳиҷрии шамсӣ бо режими истибдоди шоҳ ва мудохилоти Амрико дар Эрон оғоз кард ва саранҷом тавассути шоҳ ба Туркия ва сипас ба Ироқ табъид шуданд.

Ҳазрати имом Хумайнӣ(р) дар муддати 13 соли табъид дар Ироқ илова бар тарбияти шогирдони бисёр ба ифшогарии моҳияти фосиди режими шоҳ ва матомеъи номашруъи Амрико дар Эрон пардохтанд ва бо судури иттилоъияҳои равшангар заминаҳои пирузии инқилоби исломиро фароҳам карданд.

Саранҷом пас аз авҷгирии мубориза ва ҳиҷрати имом ба Фаронса ва сипас бозгашти шукуҳмандонаи эшон ба Эрон инқилоби исломии Эрон дар соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ ба пирузии ниҳоӣ расид.