Қиёми 15 хурдод оғози ҳаракати бошукуҳ барои поёни истебдод
(last modified Mon, 05 Jun 2023 14:09:49 GMT )
Июн 05, 2023 19:09 Asia/Dushanbe
  • Қиёми 15 хурдод оғози ҳаракати бошукуҳ барои поёни истебдод
    Қиёми 15 хурдод оғози ҳаракати бошукуҳ барои поёни истебдод

Қиёми хунини 15 хурдоди соли 1342 оғози ҳаракати бо шукуҳ аз суи миллати бузурги Эрон ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ(р) барои поён додан ба истибдод буд қиёме, ки бо истимрори ҳаракати имоми роҳил тумори режими шоҳаншоҳиро дарҳам печид.

Имруз душанбе 15 хордоди соли 1402 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 5 июни соли 2023 мудосиф бо солрузи қиёми таъризии имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 1342 нуқтаи атфи таърихи инқилоби исломӣ ва сароғози наҳзати исломии миллати Эрон аст.

Ин хезиши таърихи шуруъи руёруӣ наҳзати исломӣ дар баробари ҳукумати истебдодии режими паҳлавӣ буд ва шароити муносиберо барои шаклгирии мабонии фикри, сиёсӣ ва иҷтимоъӣ инқилоби исломӣ фароҳам овард.

Қиёми саросарии миллати Эрон дар 15 хурдоди соли 1342 бо ду вижагии барҷаста яъне раҳбарии воҳиди имом Хумайнӣ(р) ва исломӣ будани ангезаҳо, шиъорҳо ва ҳадафҳои қиём сароғозе шуд бар фасли навини муборизоти миллати Эрон ки баъдҳо таҳти номи инқилоби исломӣ дарҷ ҷаҳон шинохта ва муъаррифи шуд.

Дар ҳамин иртибот Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имруз дар дидори аъзои ҳамоиши миллии бузургдошти шастушашумин солрузи қиёми таърихии 15 хурдод яке аз коркардҳои муҳими ин ҳамоишро ёдоварии зилм ва ҷинояти режими паҳлавӣ ва ҳамчунин баёни хадамот ва дастовардҳои инқилоби исломӣ барои мардуми донист.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ангезаи ҳузури мардум дар воқеъаи таърихии 15 хурдодро умед ва тағир ба нафъи исломӣ ва мардуми Эрон донисту афзуд: Он рузе, ки мардум Варомин ҷануби шарқи Теҳрон ҳаракати худро оғоз карданд дар муқобили худ режими мусалаҳи паҳлавиро медиданд аммо бо умед ва умедвори ба тағир ҳозир ва ҷонфишони дар ин роҳ шуданд.