Густариши ҳамкориҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва Туркия
Густариши ҳамкориҳои илмӣ байни Тоҷикистону Туркия дар Душанбе, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
12 ноябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар бо мақсади густариш додани ҳамкории илмӣ дидору гуфтугу кард.
Ба гузориши «Ховар», тарафҳо доир ба гузаронидани таҳқиқоти илмӣ аз ҷониби олимони ду давлат дар соҳаи илмҳои дақиқ, тиб ва биологӣ, пажуҳишҳои таҳқиқотӣ дар мавзеъҳои таърихӣ, машғулияти бозомӯзӣ барои олимону коршиносон ва муҳаққиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Дар мулоқот ба нақша гирифта шуд, ки байни олимону коршиносони муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркия симпозиуми сатҳи байналмилалӣ гузаронида шавад.