Бозкушоии маконҳои дипломатии Эрон дар Ҷадда
(last modified Wed, 07 Jun 2023 15:15:56 GMT )
Июн 07, 2023 20:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрону Арабистон
    Ҳамкории Эрону Арабистон

Сарконсулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон ва дафтари намояндагии доими Эрон назди Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷадда асри рӯзи чаҳоршанбе бозкушоӣ мешавад.

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Риёз баъд аз ҳафт солу се моҳи қатъи равобит, рӯзи гузашта бо ҳузури Алиризо Бекдилӣ, муовини консулӣ, маҷлис ва умури эрониёни Вазорати умури хориҷа, Ҳасани Зарнигор, сарпарасти Сафорати ҷумҳурии Эрон ва Алӣ Алиюсуф, муовини консулии Вазорати умури хориҷаи Арабистони Саудӣ ва теъдоде аз мақомоти Вазорати умури хориҷаи Арабистон, сафирон ва аъзои кадри дипломатии муқими Арабистони Саудӣ ва намояндагони дафотири созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалии мустақар дар Риёз расман бозкушоӣ шуд.

Имрӯз ҳам қарор аст сарконсулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷадда ва ҳамчунин дафтари намояндагии доими Эрон назди Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷадда бо ҳузури мақомоти ду кишвар расман бозкушоӣ шавад.

Алиризо Бекдилӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи гузашта дар маросими бозкушоии Сафорати Эрон дар Риёз бо баёни ин ки Эрону Арабистон дорои зарфиятҳои бисёре дар абъоди мухталифи давлатӣ ва мардумӣ барои густариши равобит ҳастанд, аз тасҳилоти ироашуда аз сӯи Арабистон барои бозкушоӣ ва фаъолияти сафорати Эрон дар ин кишвар қадрдонӣ карду гуфт: Фаъолияти сафоратхонаҳои ду кишвар масири ҳамкориҳоро ҳамвор мекунад.

Ҷумҳурии исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ даҳуми марти 2023 бо миёнҷигарии Чин тавофуқ карданд, ки равобити дипломатии дуҷонибаро пас аз ҳафт сол аз сар бигиранд.

 

Барчасп