Зарӯрати лағвӣ раводиди мутақобили Эрон ва Русия
Узвӣ гурӯҳи дӯстии парлумони Эрон ва Русия бар лағви раводиди миёни шаҳрвандони Эрон ва Русия таъкид кард.
Раҳматуллоҳ Наврӯзӣ, узви гурӯҳи дӯстии парлумони Эрон ва Русия рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти муштарак бо раиси камисиюни иқтисодии давлати Русия, гуфт: Интизор меравад мардуми дукишвар Эрон ва Русия бо пешинаи фарҳангӣ ва тамаддуни куҳан. муносиботи наздиктаре бо якдигар дошта бошанд ва лағвӣ раводиди дуҷониба дар ин росто таъсири мусбате хоҳад дошт.
Ноибраиси камисиюни кишоварзҳии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон афзӯд: Ширкатҳои эронӣ бо таваҷҷӯҳ ба наздикии муносиботи Теҳрон-Маскав ва манобеъи обии зиёди Русия, тамоил ба кишти фаросарзамини дар Русия доранд.
Вали Исмоилӣ ноибраиси камисиюни иҷтимоъии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва Ҳусайни Мулки муовини сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Маскав низ дар ин нишаст бар рушди муносиботи дуҷониба таъкид карданд.
Дар ин нишаст ҳамчунин Владимир Кошин, раис ва Сергей Лисовский ва Николай Васильев муовинони раиси камисиюни кишоварзии Думаи давлати Русия ҳузӯр доштанд.