Июн 10, 2023 09:05 Asia/Dushanbe
  • Сардор Тангсирӣ : Барқарории амният дар халиҷи Форс бо ҳамгаройи кишварҳои минтақа сурат мегирад

Фармондеҳи неруи дарёи(баҳри)и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт : Барқарории амният дар халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз бо ҳамафзоӣ ва ҳамгаройии кишварҳои минтақа сурат мегирад ва ҳеҷ ниёзе ба ҳузури номашрӯъи кишварҳои фароминтақаӣ дар халиҷи Форс нест .

Ба гузориши Садои Хуросон,дарёдор(адмирал)  Алиризо Тангсирӣ дар дидор бо неруҳои ҳозир дар ҷазоири Нозиъоти халиҷи Форс бо баёни инки сиёсати Ҷумҳурии исломӣ ҳамеша танишзудоӣ буда ва дар амал ҳам ҳамвора ин мавзӯро собит кардааст, бар нақши вижаи неруи дарёии Сипоҳи посдорон дар эҷоди суботи амнияти пойдор дар халиҷи Форс таъкид кард . Дарёдор Тангсирӣ бо ёдоварии эъломи ризоятмандии фармондеҳи кулли қувои Эрон аз неруи дарёии сипоҳ гуфт : Болотарин медали ифтихор ризоятмандии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аст. Фармондеҳи неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо таъкид бар ҳусни анҷоми маъмурияти зотии неруи дарёии сипоҳ дар эҷоди суботи амнияти халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз тавассути диловарони аз ҷонгузаштаи неруи дарёии сипоҳ, аз ҳамаи размандагони дарёдил ки шабонарӯзӣ барои дифо аз ҳарими марзҳои обии Ҷумҳурии исломӣ  талош мекунанд ، қадрдонӣ кард .

 

Барчасп