Декабр 23, 2016 18:20 Asia/Dushanbe
  • Нақшаи роҳи ҳамкориҳои даҳсолаи Эрону Қирғизистон мунташир шуд

Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҷумҳурии Қирғизистон барои тавсеаи ҳамкориҳои худ дар ҳавзаҳои мутанаввеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, як санади ҳамкории 10 -сола мунташир карданд.

Ба гузориши ИРНА, санади ҳамкории баландмуддат миёни ду кишвар дар сафари расмии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Бишкек ниҳоӣ шуд.

Дар нақшаи роҳи ҳамкориҳои Эрону Қирғизистон, ки барои як давраи 10- сола тадвин шуда, масирҳои тавсеаи фаврии ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ, нерӯву санъат, ҳамлу нақлу иртиботот, кишоварзиву саноеи табдилӣ, ҳамкориҳои устонӣ, фарҳангиву башардӯстона, илмиву фаннӣ, гардишгарӣ, ҳавзаи беҳдошту амният ва мубориза бо офатҳои табииву ҳифозати муҳити зист ҳадафгузорӣ шудааст.

 

Барчасп