Июн 14, 2023 17:08 Asia/Dushanbe
  • Тиме террористӣ дар ҷануби шарқи кишвар раҳгирӣ ва нобуд шуд
    Тиме террористӣ дар ҷануби шарқи кишвар раҳгирӣ ва нобуд шуд

Қароргоҳи Қудси Нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз раҳгирӣ ва шиносоии тиме террористӣ дар ҷануби шарқи кишвар хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, равобити умумии қароргоҳи Қудси Нерӯи заминии сипоҳ рӯзи чаҳоршанбе дар иттилоияе эълом кард, бо ишрофи иттилоотии ягонҳои амниятиву иттилоотии қароргоҳи Қудси Нерӯи заминии сипоҳ ва ҳамкории неруҳои амниятии Эрон, як тими мусаллаҳи террористӣ дар ҷануби устони Систону Балучистон раҳгирӣ ва қабл аз анҷоми ҳар иқдоми террористии барномарезишуда, тайи амалиёте ғофилгиркунанда мунҳадим шуд.

Ин иттилоия меафзояд, дар ин амалиёт ду нафар аз террористҳо ба ҳалокат расиданд ва як нафари дигар низ дастгир ва миқдоре силоҳ, муҳиммот ва маводи мунфаҷира ҳамроҳи террористҳо ҳам кашфу мусодира шуд.

 

Барчасп